- сӯз
- I[سوز]1. асоси замони ҳозира аз сӯхтан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои сӯзонанда: дилсӯз, хонумонсӯз, ҷигарсӯз…II[سوز]1. исми масдар аз сӯхтан; сӯзиш2. маҷ. дард, алам, андӯҳ; сӯзу гудоз сӯхтану гудохтан, ғаму алами сахт; сӯзу соз сӯхтану тоқат кардан (ба дарде, мусибате, ғам аламе); дарду ғусса; ба сӯзу гудоз афтодан ба изтироб афтодан, дар ғаму андӯҳ мондан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.